5 Исо Марто, хоҳари ӯ ва Лаъзорро дӯст медошт.
6 Вале аз бемории Лаъзор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷояш монд.
7 Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем».
8 «Устод, — гуфтанд шогирдони ӯ, — навакак мардум шуморо сангсор кардан мехостанду Шумо боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастед?»
9 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар як рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд.
10 Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд».
11 Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст, Ман рафта, ӯро бедор мекунам».
12 Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Худованд, агар хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».
13 Исо мурдани Лаъзорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби муқаррарӣ гап мезанад.
14 Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Лаъзор мурдааст,
15 вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».
16 Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»