29 Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт
30 (Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд).
31 Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Онҳо зуд аз ҷояш хеста ва аз хона баромадани Марямро дида, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд.
32 Вақте Марям ба ҷое, ки Исо буд, омаду Ӯро дид, пеши пойҳояш худро партофта, гуфт: «Худованд, агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33 Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, дилаш сахт безобита шуда
34 гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гӯронидед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Худованд, нишон медиҳем».
35 Исо ашки чашм рехт.
36 Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, чӣ қадар ӯро дӯст медошт!»
37 Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар Лаъзорро аз марг нигоҳ дошта наметавонист?»
38 Исо бори дигар хашмгин шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд.
39 «Сангро дур кунед!» — гуфт Исо. Марто, хоҳари марҳум ба Ӯ гуфт: «Худованд, аллакай бӯй гирифтааст. Охир аз рӯзе, ки ӯро дафн кардем, чор рӯз гузашт».
40 Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
41 Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ.
42 Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!»
43 Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Лаъзор, берун баро!»
44 Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, ки роҳ равад!»
45 Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, мӯъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд.
46 Аммо баъзе аз онҳо ба пеши фарисиён рафта, дар бораи корҳои Исо хабар доданд.