Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 11:10-22 in Tajik

Help us?

Юҳанно 11:10-22 in Хушхабар

10 Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд».
11 Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст, Ман рафта, ӯро бедор мекунам».
12 Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Худованд, агар хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».
13 Исо мурдани Лаъзорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби муқаррарӣ гап мезанад.
14 Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Лаъзор мурдааст,
15 вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».
16 Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»
17 Ба он ҷо расида омадан замон Исо фаҳмид, ки Лаъзорро чор рӯз пеш гӯронидаанд.
18 Деҳаи Байт-Ҳинӣ аз Ерусалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр роҳ буд,
19 бинобар ин бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд.
20 Марто ҳамин ки хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ рафт, вале Марям дар хона монд.
21 Марто ба Исо гуфт: «Худованд, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам аз дунё намегузашт!
22 Аммо ман медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чӣ аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад».
Юҳанно 11 in Хушхабар