31 Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани кофиронаи инсон барояш бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофиронае мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад.
32 Ҳар кас ки бар зидди Фарзанди Инсон сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад.
33 Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад.
34 Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд.
35 Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад.
36 Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи ҷазо шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод.
37 Чунки аз рӯи суханони худатон шумо ё беайб ва ё айбдор ҳисоб мешавед».
38 Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед».
39 Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад.
40 Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад.
41 Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост!
42 Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста насли шуморо айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост!
43 Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад.
44 Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст.