7 Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод.
8 Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзоли оддӣ бипӯшед.
10 Ба ҳар ҷое, ки расидед, то вақти рафтанатон фақат дар як хона бимонед ва онро иваз накунед.
11 Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
12 Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда ба Худованд рӯй оваранд.
13 Онҳо девҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд.
14 Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад.