30 Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашон ва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд.
31 Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед, ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед».
32 Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷои хилвате рафтанд.
33 Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар қишлоқ пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд.
34 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълим додани чизҳои зиёдеро сар кард.
35 Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд.
36 Мардумро фиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта, барои худ хӯрдание харанд».
37 Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри шумо, мо бояд рафта ба дусад динор нон харида, ба онҳо диҳем?»
38 Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст».
39 Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд.
40 Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд.
41 Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд.
42 Ҳама то сер шудан хӯрданду
43 шогирдон аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабадро пур карданд.
44 Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор нафар буд.
45 Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдо раҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад.
46 Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад.
47 Шомгоҳон қаиқ ба миёни кӯл расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд.
48 Вақте Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шино мекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи онҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд,
49 вале шогирдон дар рӯи об роҳ рафтани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст ва аз тарс фарёд заданд.
50 Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед».
51 Баъд ба қаиқ савор шуд ва ҳамон замон бод аз вазидан монд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд,
52 чунки аз сабаби якравиашон ҳанӯз ҳодисаи зиёд шудани нонро нафаҳмиданд.
53 Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини Ҷинесор қарор гирифтанд.
54 Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд одамон Исоро шинохтанд.
55 Онҳо зуд ба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто бо ҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд.