20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.
21 Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми баобрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд.
22 Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам».
23 Подшоҳ Ҳиродус қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чӣ ки пурсӣ медиҳам, то ҳатто нисфи мамлакатамро».
24 Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун».
25 Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе ба ман ҳадя кунед».
26 Шоҳ хеле ғамгин шуд, вале аз барои қасами хӯрдааш ва меҳмононаш хоҳиши духтарро рад кардан нахост.
27 Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду
28 рӯи табақ гузошта ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод.
29 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд.
30 Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашон ва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд.
31 Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед, ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед».
32 Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷои хилвате рафтанд.