Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 8:9-32 in Tajik

Help us?

Луқо 8:9-32 in Хушхабар

9 Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд
10 ва Ӯ гуфт: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки „онҳо нигоҳ кунанду набинанд, гӯш кунанду нашунаванд“.
11 Маънои масал ин аст: дона — каломи Худост.
12 Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале иблис онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд.
13 Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, онро бо шодӣ қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш зуд аз имони худ мегарданд.
14 Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишу бойигарӣ ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд.
15 Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода онҳоянд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили неку самимиашон нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар ба бор меоваранд.
16 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо косае намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мегузорад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад.
17 Зеро ҳеҷ чизи махфие нест, ки ошкор нашавад ва чизи пинҳоне нест, ки маълум ва равшан нагардад.
18 Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад».
19 Ҳамин вақт модару бародарони Исо ба наздаш омаданд, аммо аз сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.
20 Ба Исо гуфтанд: «Модар ва бародаронатон дар берун истодаанду мехоҳанд Шуморо бубинанд».
21 Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд».
22 Рӯзе аз рӯзҳо Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда ба онҳо гуфт: «Биёед, ба он тарафи кӯл мегузарем». Онҳо равон шуданду
23 дар аснои роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ дар кӯл тӯфони сахте бархест ва қаиқ аз об пур мешуду ҷони одамон дар хатар мемонд.
24 Шогирдон пеши Исо омада, бо суханони «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯро бедор карданд. Ӯ аз хоб хеста, боду мавҷҳои пурталотумро таъна зад, баъд тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт.
25 Сипас Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто ба боду об фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
26 Баъд аз ин онҳо ба сарзамини Ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд.
27 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр вохӯрд, ки гирифтори девҳо буд. Ӯ дер боз дар танаш либос надошт ва на дар хона, балки дар қабрҳо зиндагӣ мекард.
28 Ҳамин ки ӯ Исоро дид, бо доду фиғон ба пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ».
29 Ӯ инро гуфт, чунки Исо аллакай ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта дев чандин бор ба он мард ҳамла меовард ва ҳарчанд девонаро асир намуда, бо занҷиру бандҳо мебастанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва дев ӯро ба биёбон мебурд.
30 Исо аз ӯ пурсид: «Номи ту чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки девҳои бисёре ба даруни он мард дохил шуда буданд.
31 Девҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ҷазо дода, ба чоҳи бепоён нафиристад.
32 Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо хоҳиш карданд, ки ба даруни хукҳо ҷо шаванд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод.
Луқо 8 in Хушхабар