Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 8:3-18 in Tajik

Help us?

Луқо 8:3-18 in Хушхабар

3 Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.
4 Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт:
5 «Рӯзе як деҳқон барои киштани донаҳои худ мебарояд. Вақте ки дона мепошад, миқдоре аз онҳо ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.
6 Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзанд, вале аз беобӣ хушк мешаванд.
7 Боз як миқдори донаҳо ба миёни хорҳо афтода месабзанд, вале хорҳо қад кашида онҳоро пахш мекунанд.
8 Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтанд, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
9 Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд
10 ва Ӯ гуфт: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки „онҳо нигоҳ кунанду набинанд, гӯш кунанду нашунаванд“.
11 Маънои масал ин аст: дона — каломи Худост.
12 Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале иблис онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд.
13 Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, онро бо шодӣ қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш зуд аз имони худ мегарданд.
14 Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишу бойигарӣ ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд.
15 Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода онҳоянд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили неку самимиашон нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар ба бор меоваранд.
16 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо косае намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мегузорад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад.
17 Зеро ҳеҷ чизи махфие нест, ки ошкор нашавад ва чизи пинҳоне нест, ки маълум ва равшан нагардад.
18 Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад».
Луқо 8 in Хушхабар