Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 6:27-44 in Tajik

Help us?

Луқо 6:27-44 in Хушхабар

27 Аммо ба шумо, ки ҳоло сухани Маро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед,
28 барои онҳое, ки шуморо лаънат мехонанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки шуморо дашном медиҳанд, дуои хайр гӯед.
29 Агар касе ба як тарафи рӯятон торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятонро бар ӯ бигардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад.
30 Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, ба ӯ бидиҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.
31 Пас, чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед.
32 Агар танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ фоида ба даст меоред? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.
33 Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ чунин мекунанд.
34 Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд.
35 Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори пас гардонда гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони хасис ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад.
36 Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед.
37 Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Касеро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед.
38 Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба доманатон меандозанд, зеро бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад».
39 Ҳамчунин Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳардуяшон ба чоҳ намеафтанд?
40 Шогирд аз устодаш болотар нест. Аммо вақте ки донишашро пурра мекунад, ба устодаш баробар мешавад.
41 Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед?
42 Чӣ тавр метавонед ба бародаратон бигӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки чӯбро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
43 Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб ба бор намеоварад,
44 чунки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад. Аз буттаҳои хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд.
Луқо 6 in Хушхабар