Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 6:2-32 in Tajik

Help us?

Луқо 6:2-32 in Хушхабар

2 Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Чаро шумо кореро мекунед, ки кардани он дар рӯзи истироҳат раво нест?»
3 Исо ҷавоб дод: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд?
4 Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд».
5 Баъд ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст».
6 Боз як рӯзи истироҳат Исо ба ибодатхона рафта, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде ҳузур дошт, ки дасти росташ хушк шуда буд.
7 Шариатдонон ва фарисиён мехостанд бинанд, ки Исо дар рӯзи истироҳат касеро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ин кор айбдор бикунанд.
8 Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод.
9 Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: оё дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ? Ҷони касеро наҷот ё барбод додан?»
10 Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
11 Аммо шариатдонон ва фарисиён дар ғазаб шуда, бо ҳамдигар маслиҳат мекарданд, ки бар зидди Исо чӣ коре карда метавонанд.
12 Дар он рӯзҳо Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад ва тамоми шабро бо дуои Худо гузаронид.
13 Вақте ки субҳ дамид, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро вакил номид, ки инҳоянд:
14 Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо,
15 Матто ва Тумо, Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Шимъӯн, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд,
16 Яҳудои писари Ёқуб ва Яҳудои Исқарют, ки оқибат хиёнаткор мешавад.
17 Исо ва вакилонаш аз кӯҳ поён фаромада, дар ҳамворие ҷой гирифтанд. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бешуморе аз тамоми гирду атрофи сарзаминҳои Яҳудия, Ерусалим ва аз ноҳияҳои назди баҳрии Суру Сидун ҷамъ омаданд,
18 то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳо шифо ёбанд. Касоне, ки аз рӯҳи нопок азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд.
19 Бинобар ин ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо бирасонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо мебахшид.
20 Исо ба шогирдонаш чашм дӯхта гуфт: «Хушбахтед шумо, ки ҳоло бечораед, чунки Худо дар ҳаётатон подшоҳӣ мекунад.
21 Хушбахтед шумо, ки ҳоло гуруснаед, чунки сер хоҳед шуд. Хушбахтед шумо, ки ҳоло гиря мекунед, зеро хандон мешавед.
22 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд.
23 Дар он рӯз хурсанд бошед ва аз шодӣ бирақседу бидонед, ки Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Зеро авлоди гузаштаи ин одамон низ бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.
24 Лекин вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон, зеро аллакай тасаллии дили худро ёфтаед.
25 Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло сер ҳастед, чунки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло механдед, зеро гирёну нолон хоҳед шуд.
26 Вой бар ҳоли шумо, вақте ки ҳама шуморо таърифу тавсиф мекунанд, чунки авлоди гузаштаи ин одамон низ бо пайғамбарони бардурӯғ ҳамин тавр рафтор мекарданд.
27 Аммо ба шумо, ки ҳоло сухани Маро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед,
28 барои онҳое, ки шуморо лаънат мехонанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки шуморо дашном медиҳанд, дуои хайр гӯед.
29 Агар касе ба як тарафи рӯятон торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятонро бар ӯ бигардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад.
30 Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, ба ӯ бидиҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.
31 Пас, чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед.
32 Агар танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ фоида ба даст меоред? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.
Луқо 6 in Хушхабар