Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 3:3-10 in Tajik

Help us?

Луқо 3:3-10 in Хушхабар

3 Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.
4 Дар бораи вай дар китоби Ишаъё пайғамбар чунин навишта шудааст: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!
5 Бигзор ҳар водӣ баланд шавад, ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад. Бигзор роҳҳои печ дар печ рост шуда, роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд,
6 он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“»
7 Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
8 Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
9 Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад».
10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?»
Луқо 3 in Хушхабар