Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 2:41-49 in Tajik

Help us?

Луқо 2:41-49 in Хушхабар

41 Ҳар сол падару модари Исо барои қайд кардани иди Балогардон ба Ерусалим мерафтанд.
42 Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯи одат ҳамроҳи Ӯ ба он ҷо рафтанд.
43 Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расиданд, онҳо ба шаҳри худ раҳсипор гаштанд, вале Исои наврас дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд.
44 Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд
45 ва чун наёфтанд, ба Ерусалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд.
46 Баъд аз се рӯз Ӯро дар Хонаи Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод.
47 Ҳамаи шунавандагон аз барои доноӣ ва ҷавобҳояш ҳайрон монданд.
48 Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям ба Вай гуфт: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат дар ҷустуҷӯи Ту бисёр азоб кашидем».
49 Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?»
Луқо 2 in Хушхабар