Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 2

Луқо 2:41-49

Help us?
Click on verse(s) to share them!
41Ҳар сол падару модари Исо барои қайд кардани иди Балогардон ба Ерусалим мерафтанд.
42Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯи одат ҳамроҳи Ӯ ба он ҷо рафтанд.
43Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расиданд, онҳо ба шаҳри худ раҳсипор гаштанд, вале Исои наврас дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд.
44Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд
45ва чун наёфтанд, ба Ерусалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд.
46Баъд аз се рӯз Ӯро дар Хонаи Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод.
47Ҳамаи шунавандагон аз барои доноӣ ва ҷавобҳояш ҳайрон монданд.
48Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям ба Вай гуфт: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат дар ҷустуҷӯи Ту бисёр азоб кашидем».
49Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?»

Read Луқо 2Луқо 2
Compare Луқо 2:41-49Луқо 2:41-49