Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 23:40-48 in Tajik

Help us?

Луқо 23:40-48 in Хушхабар

40 Вале дуюмин ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем.
41 Вале ҷазои мо аз рӯи адолат аст, зеро чиро сазовор шуда бошем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст».
42 Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки ба подшоҳиат дохил мешавӣ, маро ба ёдат биёр».
43 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
44 Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт.
45 Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардаи даромади ҷои муқаддастарини Хонаи Худо ба ду қисм пора шуд.
46 Исо бо овози баланд нидо карда гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод.
47 Сардори лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин одам бегуноҳ буд».
48 Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд.
Луқо 23 in Хушхабар