Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 23

Луқо 23:40-48

Help us?
Click on verse(s) to share them!
40Вале дуюмин ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем.
41Вале ҷазои мо аз рӯи адолат аст, зеро чиро сазовор шуда бошем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст».
42Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки ба подшоҳиат дохил мешавӣ, маро ба ёдат биёр».
43Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
44Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт.
45Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардаи даромади ҷои муқаддастарини Хонаи Худо ба ду қисм пора шуд.
46Исо бо овози баланд нидо карда гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод.
47Сардори лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин одам бегуноҳ буд».
48Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд.

Read Луқо 23Луқо 23
Compare Луқо 23:40-48Луқо 23:40-48