Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 21:8-24 in Tajik

Help us?

Луқо 21:8-24 in Хушхабар

8 Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ мегӯянд. Аз паси онҳо наравед!
9 Вақте ки овозаи ҷангҳову шӯришҳо ба гӯшатон мерасад, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо ба вуҷуд оянд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад».
10 Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад.
11 Заминҷунбиҳои сахт ва дар ҷойҳои гуногун қаҳтиву гуруснагӣ ва вабо хоҳад шуд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва нишонаҳои бузург намоён хоҳанд гашт.
12 Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб хоҳанд дод ва ба ибодатхонаву зиндонҳо хоҳанд бурд. Аз барои номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд.
13 Ин ҳамон вақтест, ки дар бораи Ман шаҳодат медиҳед.
14 Қарор диҳед, то пешакӣ ташвиш накашед, ки дар ҷавоб чӣ бояд бигӯед.
15 Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмат ва суханпардозиро ато мекунам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад.
16 Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед.
17 Аз барои Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
18 Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод.
19 Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.
20 Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст.
21 Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад.
22 Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
23 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад.
24 Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд.
Луқо 21 in Хушхабар