Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 21:6-10 in Tajik

Help us?

Луқо 21:6-10 in Хушхабар

6 «Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои сангаш намонда ба замин яксон мегардад».
7 Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом нишона мефаҳмем?»
8 Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ мегӯянд. Аз паси онҳо наравед!
9 Вақте ки овозаи ҷангҳову шӯришҳо ба гӯшатон мерасад, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо ба вуҷуд оянд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад».
10 Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад.
Луқо 21 in Хушхабар