Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 21:20-30 in Tajik

Help us?

Луқо 21:20-30 in Хушхабар

20 Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст.
21 Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад.
22 Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
23 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад.
24 Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд.
25 Дар офтоб, моҳ ва ситорагон нишонаҳое зоҳир мешаванд ва дар рӯи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд.
26 Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд.
27 Дар он вақт одамон Фарзанди Инсонро мебинанд, ки дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалоли бузурге меояд.
28 Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти харида гирифта шуданатон наздик аст».
29 Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед.
30 Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст.
Луқо 21 in Хушхабар