Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 20:14-28 in Tajik

Help us?

Луқо 20:14-28 in Хушхабар

14 Вале иҷоракорон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!“
15 Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд. Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ хел рафтор мекунад?
16 Вай баргашта, он иҷоракоронро мекушаду токзорро ба дигарон медиҳад». Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!»
17 Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид“.
18 Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, шикаста майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».
19 Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.
20 Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.
21 Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед.
22 Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»
23 Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт:
24 «Ба Ман динореро нишон диҳед. Дар он акс ва номи кӣ аст?» «Император», — ҷавоб доданд онҳо.
25 Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чӣ аз они Худост, ба Худо».
26 Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.
27 Чанд нафар аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба пеши Исо омаданду
28 ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
Луқо 20 in Хушхабар