Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 19:9-20 in Tajik

Help us?

Луқо 19:9-20 in Хушхабар

9 Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст.
10 Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
11 Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
12 «Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад.
13 Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро ба наздаш ҷеғ зада, ба ҳар кадомаш як тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба муомилот дароред“.
14 Аммо ҳамшаҳриҳояш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.
15 Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст?
16 Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо даҳ танга фоида овард“.
17 Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъин мекунам“.
18 Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо панҷ танга фоида овард“.
19 Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъин мекунам“.
20 Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон тангаи тиллои шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам,
Луқо 19 in Хушхабар