Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 19:8-32 in Tajik

Help us?

Луқо 19:8-32 in Хушхабар

8 Аммо Заккай рост истода ба Худованд гуфт: «Ана, Худованд, ман нисфи бойигариамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам».
9 Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст.
10 Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
11 Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
12 «Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад.
13 Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро ба наздаш ҷеғ зада, ба ҳар кадомаш як тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба муомилот дароред“.
14 Аммо ҳамшаҳриҳояш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.
15 Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст?
16 Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо даҳ танга фоида овард“.
17 Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъин мекунам“.
18 Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо панҷ танга фоида овард“.
19 Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъин мекунам“.
20 Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон тангаи тиллои шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам,
21 чунки аз шумо метарсидам. Охир шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое, ки нагузоштаед, мегиред ва он чизеро, ки накоштаед, дарав мекунед“.
22 Подшоҳ ба вай гуфт: „Ту хизматгори бад будаӣ! Аз рӯи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Охир ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам, аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегирам ва он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам.
23 Пас, чаро пули маро ба муомилот нагузоштӣ, то ки вақти баргаштанам онро бо фоидааш бигирам?“
24 Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ танга дорад“.
25 Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ тангаи тилло дорад!“
26 „Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам зиёд дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
27 Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед“».
28 Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Ерусалим раҳсипор гашт.
29 Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун воқеъ гаштаанд, наздик шуданд, Исо ду шогирдашро фиристоданӣ шуда,
30 ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дарпешистода биравед ва, ҳамин ки вориди он гаштед, харкурраи бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.
31 Агар касе аз шумо пурсад, ки барои чӣ бандашро мекушоед, гӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд».
32 Шогирдони фиристодашуда рафтанд ва, ҳамон тавре ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, дарёфтанд.
Луқо 19 in Хушхабар