Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 19:5-9 in Tajik

Help us?

Луқо 19:5-9 in Хушхабар

5 Исо ба он ҷо наздик шудан замон ба Заккай нигоҳ карда гуфт: «Заккай! Зудтар поён фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам».
6 Вай зуд поён фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард.
7 Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст».
8 Аммо Заккай рост истода ба Худованд гуфт: «Ана, Худованд, ман нисфи бойигариамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам».
9 Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст.
Луқо 19 in Хушхабар