Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 19:4-12 in Tajik

Help us?

Луқо 19:4-12 in Хушхабар

4 Бинобар ин ӯ давида пеш гузашту ба болои дарахти анҷир баромад, то ки Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад.
5 Исо ба он ҷо наздик шудан замон ба Заккай нигоҳ карда гуфт: «Заккай! Зудтар поён фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам».
6 Вай зуд поён фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард.
7 Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст».
8 Аммо Заккай рост истода ба Худованд гуфт: «Ана, Худованд, ман нисфи бойигариамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам».
9 Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст.
10 Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
11 Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
12 «Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад.
Луқо 19 in Хушхабар