Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 12:6-35 in Tajik

Help us?

Луқо 12:6-35 in Хушхабар

6 Магар ба ду танга панҷ гунҷишк фурӯхта намешавад? Вале Худо ҳар як гунҷишкро ҳам дар хотираш нигоҳ медорад
7 ва ҳар тори мӯйи саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудааст. Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.
8 Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад.
9 Лекин, ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Фарзанди Инсон низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунад.
10 Ҳар кӣ бар зидди Фарзанди Инсон сухане бигӯяд, бахшида мешавад, лекин касе, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона бигӯяд, бахшида нахоҳад шуд.
11 Вақте шуморо ба ибодатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон меоранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед.
12 Зеро Рӯҳи Муқаддас ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон лаҳза чӣ бояд бигӯед».
13 Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯ, ки меросро бо ман тақсим кунад».
14 Исо ҷавоб дод: «Эй мард, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъин кардааст?»
15 Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна ҳирсу чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз зиёдатии бойигариаш иборат нест».
16 Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард.
17 Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“
18 Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам — анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу бойигариамро ба он ҷо бурда,
19 ба худ мегӯям: Акнун ту бойигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон“.
20 Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“
21 Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ бойигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».
22 Исо ба шогирдони худ гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: на ташвиши онро кашед, ки дар зиндагиатон чӣ мехӯред ва на ғами баданатонро хӯред, ки чӣ мепӯшед.
23 Охир зиндагӣ муҳимтар аз хӯрок ва бадан муҳимтар аз пӯшок аст.
24 Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на мекоранд, на медараванд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо ризқу рӯзиашонро мефиристад ва шумо нисбат ба паррандаҳо қадри баландтаре доред!
25 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед?
26 Пас, агар шумо чунин як кори ночизро иҷро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?
27 Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст.
28 Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад!
29 Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед.
30 Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд.
31 Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
32 Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад.
33 Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
34 Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
35 Ҳар яки шумо миёнатонро баста, чароғашро равшан нигоҳ доред.
Луқо 12 in Хушхабар