Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 12:18-59 in Tajik

Help us?

Луқо 12:18-59 in Хушхабар

18 Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам — анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу бойигариамро ба он ҷо бурда,
19 ба худ мегӯям: Акнун ту бойигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон“.
20 Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“
21 Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ бойигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».
22 Исо ба шогирдони худ гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: на ташвиши онро кашед, ки дар зиндагиатон чӣ мехӯред ва на ғами баданатонро хӯред, ки чӣ мепӯшед.
23 Охир зиндагӣ муҳимтар аз хӯрок ва бадан муҳимтар аз пӯшок аст.
24 Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на мекоранд, на медараванд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо ризқу рӯзиашонро мефиристад ва шумо нисбат ба паррандаҳо қадри баландтаре доред!
25 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед?
26 Пас, агар шумо чунин як кори ночизро иҷро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?
27 Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст.
28 Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад!
29 Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед.
30 Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд.
31 Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
32 Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад.
33 Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
34 Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
35 Ҳар яки шумо миёнатонро баста, чароғашро равшан нигоҳ доред.
36 Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани соҳибашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани соҳибашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.
37 Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад.
38 Хушбахтанд онҳое, ки соҳибашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад.
39 Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, вай намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд.
40 Пас, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон тайёр бошед, зеро Вай вақте меояд, ки интизораш нестед».
41 Петрус гуфт: «Худовандо! Ин масалро танҳо барои мо ё барои ҳама гуфтӣ?»
42 Худованд ҷавоб дод: «Монанди ҳамон хизматгори бовафову хирадманд бошед, ки соҳибаш дилпурона метавонад ӯро бар хизматгорони дигар назоратчӣ таъин кунад ва ба ӯ дар вақти муайяншуда додани хӯрду хӯроки онҳоро боварӣ намояд.
43 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад.
44 Ба ростӣ мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд.
45 Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад,
46 ана, он гоҳ дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш бармегардад ва ӯро ду пора карда, насиби беимононро медиҳад.
47 Хизматгоре, ки хоҳиши соҳибашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт лат карда мешавад.
48 Аммо хизматгоре, ки иродаи соҳибашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад.
49 Ман омадам, ки дар рӯи замин оташ даргиронам ва бисёр мехоҳам, ки он зудтар фурӯзон гардад.
50 Ҳамон тавре ки одам дар вақти таъмид гирифтан ба об ғӯта мезанад, Ман низ бояд ба азоби марговар ғӯтавар гардам ва то ба амал омадани ин кор нороҳат ҳастам.
51 Шумо гумон мекунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам? Баръакс, на барои сулҳ, балки барои ҷудоӣ андохтан омадаам.
52 Баъд аз ин агар дар хонае панҷ нафар бошанд, аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд: се нафар ба ду нафар ва ду нафар ба се нафар зид мебароянд.
53 Падар бар зидди писараш ва писар бар зидди падараш, модар бар зидди духтараш ва духтар бар зидди модараш, хушдоман бар зидди келинаш ва келин бар зидди хушдоманаш мебарояд».
54 Ҳамчунин ба мардум гуфт: «Вақте мебинед, ки аз ғарб абре пайдо мешавад, дарҳол мегӯед: „Бояд борон борад“ ва чунин мешавад.
55 Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Ҳаво гарм мешавад“ ва ҳамин тавр ҳам мешавад.
56 Эй дурӯяҳо! Шумо нишонаҳои замину осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду чаро фаҳмида наметавонед, ки ҳоло чӣ замоне фаро расидааст?
57 Барои чӣ худи шумо муайян карда наметавонед, ки чӣ бояд кунед?
58 Охир, вақте ки бо даъвогар ба пеши қозӣ меравед, бояд ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки дар роҳ бо даъвогар оштӣ шавед, вагарна ӯ шуморо ба назди қозӣ мебарад ва қозӣ шуморо ба дасти зиндонбон месупораду вай шуморо ба зиндон мепартояд.
59 Росташро мегӯям, ки то тангаи охирини қарзатонро надиҳед, ҳаргиз аз ҳабс намебароед».
Луқо 12 in Хушхабар