Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 9:5-13 in Tajik

Help us?

Юҳанно 9:5-13 in Хушхабар

5 То Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман нури ҷаҳонам».
6 Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва
7 ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ (маънои он „фиристода“ аст) рӯятро бишӯй». Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт.
8 Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?»
9 «Бале, ин ҳамон шахс аст», — мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам.
10 «Ту чӣ тавр бино шудӣ?» — пурсиданд аз ӯ.
11 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилӯаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам».
12 «Ӯ дар куҷост?» — пурсиданд онҳо. «Намедонам», — ҷавоб дод ӯ.
13 Мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
Юҳанно 9 in Хушхабар