8 Исо боз сарашро хам карда дар рӯи замин менавишт.
9 Мардум инро шуниданду аз калонсолон сар карда яке аз паси дигар ба ҳар тараф пароканда шуданд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.
10 Ӯ сари худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо рафтанд? Магар касе туро айбдор накард?»
11 «Ҳеҷ кас, хоҷа», — гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, — гуфт Исо. — Рав ва дигар гуноҳ накун».
12 Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».
13 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад».
14 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман боэътибор аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.