Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 7:4-29 in Tajik

Help us?

Юҳанно 7:4-29 in Хушхабар

4 Зеро касе ки шӯҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, худро ба ҷаҳон ошкор намо»
5 (Ҳатто бародаронаш ба Ӯ имон надоштанд).
6 «Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, — ҷавоб дод ба онҳо Исо, — барои шумо ҳар вақт хуб аст.
7 Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале Маро бад мебинад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам.
8 Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст».
9 Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд.
10 Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт.
11 Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд.
12 Дар байни мардум низ дар хусуси Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», — мегуфтанд баъзеҳо, дигарон эътироз карда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд.
13 Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд.
14 Дар миёни ҳафтаи ид Исо ба Хонаи Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд.
15 Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки дар ҳеҷ ҷо таълим нагирифтааст?»
16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз худам нест, балки аз касест, ки Маро фиристодааст.
17 Касе ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки ин таълимот аз Худост ё Ман аз худ мегӯям.
18 Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шӯҳрат меҷӯяд, вале касе ки барои фиристандаи худ шӯҳрат ба даст овардан мехоҳад, ростқавл аст ва дар дили ӯ фиребе нест.
19 Магар Мӯсо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?»
20 Мардум ҷавоб доданд: «Ту дев дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?»
21 Исо ба онҳо гуфт: «Ман танҳо як кор кардам ва шумо ҳама дар тааҷҷуб мондед.
22 Мӯсо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ин анъана на аз Мӯсо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи истироҳат хатна мекунед.
23 Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мӯсо дар рӯзи истироҳат писаратонро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи истироҳат инсонеро пурра шифо бахшидам?
24 Аз рӯи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯи адолат ҳукм кунед!»
25 Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд?
26 Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход ҳукуматдорон фаҳмида бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Таъиншудаи Худо аст?
27 Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад».
28 Он гоҳ Исо, ки дар Хонаи Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале
29 Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
Юҳанно 7 in Хушхабар