Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 7:36-44 in Tajik

Help us?

Юҳанно 7:36-44 in Хушхабар

36 Ӯ „Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед“ ва „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта чиро дар назар дорад?»
37 Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд!
38 Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз ботини он касе, ки ба Ман имон меоварад, дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд».
39 Ӯ инро дар бораи Рӯҳе гуфт, ки касони ба Ӯ имоноварда қабул карданашон лозим буд. Рӯҳ ҳанӯз ато нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалоли худ нагардида буд.
40 Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин одам дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо мунтазираш будем!»
41 «Ин Таъиншудаи Худо аст!» — мегуфтанд дигарон. Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Таъиншудаи Худо ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад!
42 Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо бояд аз авлоди шоҳ Довуд, дар деҳаи Байт-Лаҳм, ки Довуд зиндагӣ мекард, пайдо шавад».
43 Инак, дар байни мардум дар бораи Исо низоъ бархост.
44 Баъзеҳо мехостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ даст нарасонд.
Юҳанно 7 in Хушхабар