45 Дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд.
46 Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз пеши Худо омадааст, Падарро дидааст.
47 Ба шумо рост мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.
48 Ман нони ҳаёт ҳастам.
49 Аҷдодони шумо дар биёбон хӯроки маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд.
50 Аммо ноне, ки аз осмон мефурояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад.
51 Ман он нони ҳаётам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».
52 Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин шахс чӣ тавр бадани худро барои хӯрдани мо дода метавонад?!»
53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки агар бадани Фарзанди Инсонро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед.
54 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ меёбад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард.