Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 6:2-20 in Tajik

Help us?

Юҳанно 6:2-20 in Хушхабар

2 Аз паси Ӯ мардуми бисёре рафтанд, зеро онҳо мӯъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон диданд.
3 Исо ба болои кӯҳ баромада, ҳамроҳи шогирдонаш дар ҳамон ҷо нишаст.
4 Айёми ҷашнгирии иди Балогардони яҳудиён наздик омада буд.
5 Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?»
6 Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда ин суханонро гуфт.
7 Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ақаллан яклуқмагӣ намерасад».
8 Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъӯни Петрус буд, ба Исо гуфт:
9 «Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?»
10 «Ба мардум гӯед, ки бишинанд», — гуфт Исо. Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд.
11 Исо нонро гирифта дуои шукрона хонду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод.
12 Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад».
13 Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавро, ки аз хӯрандаҳо боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14 Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!»
15 Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, танҳо ба кӯҳ баромад.
16 Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд
17 ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд.
18 Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад.
19 Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд.
20 «Натарсед, ин Манам!» — гуфт ба онҳо Исо.
Юҳанно 6 in Хушхабар