Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 6:13-20 in Tajik

Help us?

Юҳанно 6:13-20 in Хушхабар

13 Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавро, ки аз хӯрандаҳо боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14 Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!»
15 Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, танҳо ба кӯҳ баромад.
16 Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд
17 ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд.
18 Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад.
19 Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд.
20 «Натарсед, ин Манам!» — гуфт ба онҳо Исо.
Юҳанно 6 in Хушхабар