Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 6:10-16 in Tajik

Help us?

Юҳанно 6:10-16 in Хушхабар

10 «Ба мардум гӯед, ки бишинанд», — гуфт Исо. Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд.
11 Исо нонро гирифта дуои шукрона хонду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод.
12 Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад».
13 Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавро, ки аз хӯрандаҳо боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14 Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!»
15 Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, танҳо ба кӯҳ баромад.
16 Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд
Юҳанно 6 in Хушхабар