7 «Хоҷаам, — ҷавоб дод бемор, — ман касе надорам, ки ҳангоми ба талотум омадани об маро ба ҳавз андозад. То ман наздик меоям ки, каси дигар аллакай аз ман пештар ба ҳавз медарояд».
8 Исо ба ӯ гуфт: «Бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард!»
9 Он мард фавран сиҳат шуда, ҷойгаҳи худро бардошта рафт. Он рӯз рӯзи истироҳат буд.
10 Аз ин сабаб роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи истироҳат аст, бинобар ин раво нест, ки ҷойгаҳатро бардошта барӣ!»
11 «Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт», — ҷавоб дод ӯ.
12 Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт?»
13 Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни мардуми онҷобуда аз назар ғоиб шуд.