Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 5:41-47 in Tajik

Help us?

Юҳанно 5:41-47 in Хушхабар

41 Ман ба таърифи инсон мӯҳтоҷ нестам.
42 Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред!
43 Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед.
44 Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донеду барои ҷустани таърифи Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!
45 Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед!
46 Агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд.
47 Вале, агар шумо ба он чӣ, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»
Юҳанно 5 in Хушхабар