36 Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!
37 Ҳамин Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на намуди Ӯро дидаед.
38 Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба каси фиристодааш имон намеоваред.
39 Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки дар он ҳаёти абадӣ меёбед. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.
40 Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ба ҳаёт соҳиб шавед.
41 Ман ба таърифи инсон мӯҳтоҷ нестам.