Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 5:31-44 in Tajik

Help us?

Юҳанно 5:31-44 in Хушхабар

31 Агар Ман дар бораи худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад.
32 Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шоҳидии ӯ дар бораи Ман ҳаққонист.
33 Шумо одамони худро ба назди Яҳё фиристодед ва ӯ дар бораи ростӣ шаҳодат дод.
34 Дар воқеъ, Ман мӯҳтоҷи шаҳодати инсон нестам, фақат ба хотири наҷоти шумо инро гуфтам.
35 Яҳё монанди чароғи фурӯзон дурахшанда буд ва шумо хостед, ки муддате ҳам бошад, дар равшании ӯ хурсандӣ кунед.
36 Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!
37 Ҳамин Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на намуди Ӯро дидаед.
38 Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба каси фиристодааш имон намеоваред.
39 Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки дар он ҳаёти абадӣ меёбед. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.
40 Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ба ҳаёт соҳиб шавед.
41 Ман ба таърифи инсон мӯҳтоҷ нестам.
42 Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред!
43 Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед.
44 Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донеду барои ҷустани таърифи Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!
Юҳанно 5 in Хушхабар