25 Ба шумо рост мегӯям, вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки мурдагон садои Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад.
26 Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст.
27 Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Писар Фарзанди Инсон аст.