20 Азбаски Падар Писарро дӯст медорад, ҳар чиро ки худ мекунад, ба Ӯ низ нишон медиҳад. Вай ба Писар аз ин ҳам корҳои бузургтарро нишон медиҳад, ки ҳамаи шумо ба ҳайрат меафтед.
21 Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар, ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад.
22 Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳукм карданро пурра ба Писар супоридааст,
23 то ҳама Писарро ҳамон тавр эҳтиром кунанд, ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе, ки Писарро эҳтиром намекунад, Падарро ҳам, ки фиристандаи ӯст, эҳтиром намекунад.