Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 5:14-19 in Tajik

Help us?

Юҳанно 5:14-19 in Хушхабар

14 Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ».
15 Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст.
16 Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи истироҳат мекард, яҳудиён аз дунболи Ӯ афтоданд.
17 Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман ҳамеша кор мекунад ва Ман низ ҳамеша кор мекунам».
18 Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард.
19 Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.
Юҳанно 5 in Хушхабар