12 Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт?»
13 Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни мардуми онҷобуда аз назар ғоиб шуд.
14 Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ».
15 Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст.
16 Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи истироҳат мекард, яҳудиён аз дунболи Ӯ афтоданд.