9 «Чӣ тавр Шумо, ки яҳудӣ ҳастед, аз мани сомарӣ об мепурсед?» — гуфт ба Ӯ зани сомарӣ. (Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд).
10 Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки Худованд чӣ чизро ато мекунад ва касе ки ба ту „Барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, кист, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
11 Зан ба Ӯ мегӯяд: «Хоҷаам, Шумо сатил надоред, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас, аз куҷо оби ҳаёт мегиред?
12 Магар Шумо аз аҷдоди мо Ёқуб, ки ин чоҳро ба мо дод ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастед?»
13 Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна хоҳад шуд.
14 Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна нахоҳад шуд. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, аз даруни ӯ мисли ҷорӣ шудани оби ҳаёти абадӣ мешавад».
15 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об диҳед, ки дигар ташна нашавам ва барои об ба ин чоҳ наоям!»
16 Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё».
17 «Ман шавҳар надорам», — ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ.
18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ту рост гуфтӣ».
19 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед.