Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 4:38-47 in Tajik

Help us?

Юҳанно 4:38-47 in Хушхабар

38 Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39 Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба туфайли суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як баён кард» гуфта буд, ба Исо имон оварданд.
40 Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд.
41 Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯи суханони худи Ӯ имон оварданд.
42 Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на аз барои суханони ту имон меоварем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
43 Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт.
44 Ӯ худ шоҳидӣ медод, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад.
45 Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Ерусалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд.
46 Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд.
47 Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад.
Юҳанно 4 in Хушхабар