Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 4:3-23 in Tajik

Help us?

Юҳанно 4:3-23 in Хушхабар

3 Ӯ Яҳудияро тарк карда, боз ба сӯи Ҷалил раҳсипор шуд.
4 Роҳи Ӯ аз вилояти Сомария мегузашт.
5 Инак, Исо ба Суҳор ном шаҳри Сомария омада расид, ки он дар наздикии заминест, ки Ёқуб ба писари худ Юсуф дода буд.
6 Дар он ҷо чоҳи Ёқуб буд. Исо аз сафар монда шуда, барои дам гирифтан дар канори чоҳ нишаст. Вақт қариби нисфирӯзӣ буд.
7 Шогирдони Ӯ барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд. Ҳамин вақт як зани сомарӣ барои об ба сари чоҳ омад. Исо ба зан гуфт: «Барои нӯшиданам об деҳ».
9 «Чӣ тавр Шумо, ки яҳудӣ ҳастед, аз мани сомарӣ об мепурсед?» — гуфт ба Ӯ зани сомарӣ. (Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд).
10 Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки Худованд чӣ чизро ато мекунад ва касе ки ба ту „Барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, кист, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
11 Зан ба Ӯ мегӯяд: «Хоҷаам, Шумо сатил надоред, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас, аз куҷо оби ҳаёт мегиред?
12 Магар Шумо аз аҷдоди мо Ёқуб, ки ин чоҳро ба мо дод ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастед?»
13 Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна хоҳад шуд.
14 Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна нахоҳад шуд. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, аз даруни ӯ мисли ҷорӣ шудани оби ҳаёти абадӣ мешавад».
15 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об диҳед, ки дигар ташна нашавам ва барои об ба ин чоҳ наоям!»
16 Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё».
17 «Ман шавҳар надорам», — ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ.
18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ту рост гуфтӣ».
19 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед.
20 Аҷдодони мо дар сари ин кӯҳ ибодат мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Ерусалим ибодат кунанд».
21 Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард.
22 Шумо, сомариён намедонед, ки ба чӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд.
23 Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
Юҳанно 4 in Хушхабар