29 «Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як гуфт. Шояд Ӯ Таъиншудаи Худо бошад?»
30 Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд.
31 Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!»
32 Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред».
33 Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?»
34 Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст.
35 Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст!
36 Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд.
37 Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“.
38 Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39 Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба туфайли суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як баён кард» гуфта буд, ба Исо имон оварданд.
40 Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд.