Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 4:18-34 in Tajik

Help us?

Юҳанно 4:18-34 in Хушхабар

18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ту рост гуфтӣ».
19 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед.
20 Аҷдодони мо дар сари ин кӯҳ ибодат мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Ерусалим ибодат кунанд».
21 Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард.
22 Шумо, сомариён намедонед, ки ба чӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд.
23 Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
24 Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад».
26 «Он кас Манам, ки бо ту сӯҳбат мекунам», — ҷавоб дод Исо.
27 Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане сӯҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан сӯҳбат мекунад.
28 Зан кӯзаи худро монду ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт:
29 «Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як гуфт. Шояд Ӯ Таъиншудаи Худо бошад?»
30 Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд.
31 Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!»
32 Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред».
33 Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?»
34 Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст.
Юҳанно 4 in Хушхабар