Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 4:16-25 in Tajik

Help us?

Юҳанно 4:16-25 in Хушхабар

16 Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё».
17 «Ман шавҳар надорам», — ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ.
18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ту рост гуфтӣ».
19 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед.
20 Аҷдодони мо дар сари ин кӯҳ ибодат мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Ерусалим ибодат кунанд».
21 Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард.
22 Шумо, сомариён намедонед, ки ба чӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд.
23 Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
24 Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад».
Юҳанно 4 in Хушхабар