4 «Чӣ тавр одами солхӯрда аз нав таваллуд ёфта метавонад? — пурсид аз Ӯ Ниқодимус. — Магар ӯ метавонад ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд шавад?»
5 Исо ҷавоб дод: «Ба ту рост мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нашавад, ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад.
6 Он чӣ аз ҷисм таваллуд мешавад, ҷисм аст ва он чӣ аз Рӯҳ таваллуд мешавад, рӯҳ аст.
7 Аз он ки ба ту „Шумо бояд аз нав таваллуд ёбед“ гуфтам ҳайрон нашав.
8 Бод ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад».
9 Ниқодимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?»
10 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ?
11 Ба ту рост мегӯям, Ман чизи медонистагиамро мегӯям ва дар бораи чизи дидагиам шоҳидӣ медиҳам, аммо шумо шаҳодати Маро қабул намекунед.
12 Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас, вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед?
13 Ғайр аз Фарзанди Инсон, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.
14 Чӣ тавре ки Мӯсо дар биёбон морро боло бардошта буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон ҳам бояд боло бардошта шавад,
15 то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ ёбад.
16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад.