Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 3:29-36 in Tajik

Help us?

Юҳанно 3:29-36 in Хушхабар

29 Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд.
30 Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.
31 Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо, касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.
32 Ӯ дар бораи он чӣ худ дидаасту шунидааст, шоҳидӣ медиҳад, аммо шоҳидии Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.
33 Вале ҳар кас ки шоҳидии Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст.
34 Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро бе меъёр мебахшад.
35 Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст.
36 Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».
Юҳанно 3 in Хушхабар